Арзиши энергетикӣ ба як порсия

Калорияҳо

310 ккал

Сафедаҳо

24 гр

Равғанҳо

20 гр

Карбониҳо

6 гр

Ингредиенҳо

Ронҳои мурғ
1 кг
Йогурти табиӣ (ё сузма/қатиқ)
200 г
Сирпиёз
4 дона
Занҷабил (имбирь)
1 қошуқча
Зардчӯба (куркума)
0,5 қошуқча
Қаламфури сурх (паприка)
1 қошуқча
Зира
1 қошуқча
Намак
мувофиқи табъ
Равғани растанӣ
2 қошуқ

Тарзи тайёр кардан

1

Дар як косаи чуқур йогурт, сирпиёзи резашуда, занҷабил, зардчӯба, паприка, зира ва намакро омехта кунед.
2

Дар рӯи ронҳо чанд буриши чуқур кунед, то ки маринад хуб ворид шавад. Ҳар як ронро бо маринад молида, ҳадди ақал 1 соат (беҳтараш 2–3 соат) барои мариридан монед.
3

Ронҳоро ба табақ гузошта, бо равған каме ҷило диҳед ва дар ҳарорати 200°C тақрибан 50–60 дақиқа то сурх шуданаш пазед.
4

Бо нони лаваш, пиёзи сурхи маринадшуда ва кабудӣ пешниҳод кунед.

Leave a Reply